Июл 15, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Эрон ба ҷойгоҳи чаҳорумии тавлиди нафт дар ОПЕК

Эрон бо тавлиди 2 миллиону 754 ҳазор бушка нафт дар июни 2023 ҷойгоҳи чаҳорумии тавлид дар ОПЕК -ро аз Кувайт ، баъд аз 1 солу 7 моҳ пас гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷадидтарин омори тавлиди нафти Эрон дар гузориши моҳонаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК ) нишон медиҳад, тавлиди нафти Эрон дар моҳи июни 2023 ба 2 миллиону 754 ҳазор бушка дар рӯз расида, ки нисбат ба моҳи пеш аз он 56 ҳазор бушка дар рӯз афзоиш ёфтааст .
Эрон дар моҳи май 2 миллиону 698 ҳазор бушкаи нафт дар рӯз тавлид карда буд .
Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Арабистон бо тавлиди 9 миллиону 998 ҳазор бушка дар рӯз, Ироқ бо тавлиди 4 миллиону 181 ҳазор бушка дар рӯз ва Аморот бо 2 миллиону 894 ҳазор бушка дар рӯз се кишвари бузурги тавлидкунандаи нафти ОПЕК ба шумор мераванд.
Кувайт бо тавлиди 2 миллиону 551 ҳазор бушка дар рӯз панҷумин тавлидкунандаи ОПЕК аст . Эрон пеш аз таҳримҳои Амрико аз соли 2018 сеюмин тавлидкунандаи бузурги нафти ОПЕК пас аз Арабистону Ироқ буд .


Бештар бихонед :

 

Барчасп