Июл 15, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Тими Эрон бо касби 1 медали тилло 4 медали нуқра ва 4 медали бринҷӣ дар Урдун нойиб-қаҳрамон шуд
    Тими Эрон бо касби 1 медали тилло 4 медали нуқра ва 4 медали бринҷӣ дар Урдун нойиб-қаҳрамон шуд

Тими киштии озоди навниҳолони Эрон ба мақоми нойиб-қаҳрамонии рақобатҳои куштии озоди навниҳолони қаҳрамонии Осиё расид.

Ба гузориши ИРНА, рақобатҳои куштии озоди навниҳолони қаҳрамонии Осиё рӯзи ҷумъа 14 июл дар шаҳри Амони Урдун баргузор шуд, ки дар поён тими Эрон нойиб-қаҳрамон шуд.
Тими Эрон 1 медали тилло 4 медали нуқра ва 4 медали бринҷӣ касб ва бо 171 имтиёз ба унвони нойиб-қаҳрамонӣ даст ёфт.
Тими Ҳинд дар ин мусобиқот бо 3 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали бриҷӣ ва 173 имтиёз қаҳрамон шуд ва тими Ҷопон низ бо касби 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали бринҷӣ ва касби 145 имтиёз дар ҷойгоҳи сеюм истод.

Варзишкорони ҷавони Тоҷикистон низ дар нахустин рӯзи рақобатҳои куштии озоду фарангии қаҳрамонии Осиё муваффақ ба касби чаҳор медал шомили ду тилло ва ду бринҷӣ шуданд.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп