Июл 15, 2023 18:26 Asia/Dushanbe
  • Пирузии тими волеболи Эрон муқобили Қазоқистон
    Пирузии тими волеболи Эрон муқобили Қазоқистон

Тими волеболи зери 16 соли писарони Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиёи Марказӣ тими Қазоқистонро шикаст дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тими волеболи зери 16 соли писарони Эрон имруз шанбе дар дувумин дидори худ дар ин рақобатҳо ба масофи Қазқистон рафт ва 3 бар сифр ба пирузи расид то ба нахустин бурди худ дар ин рақобатҳо даст ёбад.

Тими волеболи Эрон, ки рузи гузашта дар мусобиқаи нахусти худ 3 бар 2 мағулби Покистон шуда буд фардо дар севумин ва охирин мусобиқаи марҳалаи гуруҳии худ ба масофи Узбакистони мизбон меравад.

Нахустин даври мусобиқоти волеболи қаҳрамонии зери 16 соли писарони Осиёи Марказӣ ки аз дируз ба мизбонии шаҳри Тошканд пойтахти кишвари Узбакистон оғоз шуда аст ба муддати 6 руз идома хоҳад дошт.

Барчасп