Волеболи ҷавонони ҷаҳон суъуди Эрон ба финал
-
Волеболи ҷавонони ҷаҳон суъуди Эрон ба финал
Тими волеболи ҷавонони Эрон мувафақ шуд бо шикаст тими Аргентина ба финалши ҷавонони ҷаҳон суъуд кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА марҳалаи ниманиҳоӣ бистудувумин даври мусобиқоти волеболи қаҳрамоии мардони зери 21 соли ҷаҳон рузи шанбе бо ду дидор дар Манамаи Баҳрайн пайгири шуд.
Дар дувумин дидори тимҳои Эрон ва Аргентина аз соати 20:30 дақиқаи шомгоҳи шанбе ба масофи якдигар рафтанд, ки тими Эрон бо шикасти Аргентина барои дувумин бор ба дидори ниҳоӣ қаҳрамонии ҷаҳон суъуд кард.
Тими миллии волебол натиҷаи сети аввали дидор бо Аргентинаро 25 бар 23 вогузор кард аммо дар сетҳои дувум то чаҳорум бо намоиши зебои мувафақ ба шикасти ин тим бо имтиёзҳои 25 бар 21, 25 бар 21 ва 25 бар 20 шуд то бо ҳафт бурди пай дар пай финалист шавад.