Пешниҳоди имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни ду устони Суғди Тоҷикистон ва Гелони Эрон
(last modified Sun, 16 Jul 2023 15:12:51 GMT )
Июл 16, 2023 20:12 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон
    Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон

Дар дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Гелон бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни Эрону Тоҷикистон ва мавзӯи имзои тафоҳумнома байни ду устони Суғду Гелон таъкид шуд.

Ба гузориши Элна аз Рашт, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар дидор бо Қосим Ризоиён, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Гелон бо таъкид бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар изҳор дошт, бояд равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф густариш пайдо кунад ва ҳамкориҳои мо дар давлати Раисӣ дар ҳоли густариш ҳаст ва ба дастовардҳои хубе даст пайдо кардаем.

Вай бо ишора ба ин ки аввалин сафари хориҷии Раисӣ ба Тоҷикистон буд, афзуд: Ин як иқдоми арзишманд дар ҷиҳати тавсеаи равобит байни ду кишвар буд ва ба идомаи ҳамкориҳо кумак кард ва эҳтимолан рӯзи 26 мурдоди имсол низ Раисӣ дубора ба Тоҷикистон меравад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон бо баёни ин ки ин сафарҳо фурсати муносибе барои тақвияти ҳамкориҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҷадиди ҳамкорӣ аст, гуфт: Гилаи масъулони гелониро қабул дорам ва худ барои аввалин бор аст, ки ба Гелон меоем ва дар ин сафар мутаваҷҷеҳ шудам, ки Гелон зарфияти болое дар бахши иқтисодӣ дорад.

Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба ин ки дар соли 1399 ҳаҷми табодул байни ду кишвар 57 миллион доллар буд, тасреҳ кард: Дар ду соли баъдӣ ин мизон панҷ баробар шуд ва ҳаҷми табодул ба 240 миллион доллар расид, аммо қатъан бояд ин ҳаҷми табодул бештар шавад ва барномарезиҳо мабнӣ бар ин аст, ки дар ду соли оянда ин зарфият ба 500 миллион доллар бирасад.

Қосими Ризоиён, раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии устони Гелон низ дар ин дидор бо баёни ин ки устони Гелон зарфияти болое дорад, изҳор дошт, Гелон қутби кишоварзии Эрон аст ва бо сарвате ки устони Гелон дорад, метавонад кишварро мудирият кунад.

Вай бо баёни ин ки устони Гелон бо кишварҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Русия марзи хокиву обӣ дорад, афзуд: Иртиботи бахшҳои бозаргонии Тоҷикистон бо устони Гелон зиёд фаъол нест ва ниёз аст, ки Утоқи бозаргонии Тоҷикистон иртиботи худро бо Гелон бештар кунад.