Июл 17, 2023 15:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Амрико
    Ҳушдори сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Амрико

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Амрико дар хусуси ҳарнавъ иқдом ва таҳрик дар Халиҷи Форс ҳушдор дод.

Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии рузи душанбе ва дар посух ба хабарнигори Эрон Пресс дар хусуси иддаои эъзоми ҷангандаҳои Амрико ба баҳонаи ҳифзи амният ба Халиҷи Форс гуфт: Нақши Амрико дар амнияти минтақа ҳеҷгоҳ сулҳомез набуда аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ҳаргуна иқдоми ғайриқонуни, ки амнияти минтақаро таҳти таъсир қарор диҳад расад мекунад ва нисбат ба ҳаргуна таҳарук дар наздикии марзҳои худ ҳасос аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард: Амнияти минтақа мавзуъи муштараки кишварҳои Халиҷи Форс аст ва ниёзманди ҳамкории дастаҷамъи аст лизо интизор меравад дигар ҳамсоягон низ дар ин робита ҳушдорҳои лозимро ба тарафи муқобил бидиҳанд.

Барчасп