Боздиди вазири беҳдошти Эрон аз бемористони Ибни Синои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i105056-Боздиди_вазири_беҳдошти_Эрон_аз_бемористони_Ибни_Синои_Тоҷикистон
Вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон аз бемористони байналмилалии Ибни Сино дар Тоҷикистон боздид ва бо масъулони он дидору гуфтугу кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 17, 2023 15:59 Asia/Dushanbe
  • Боздиди вазири беҳдошти Эрон аз бемористони Ибни Синои Тоҷикистон
    Боздиди вазири беҳдошти Эрон аз бемористони Ибни Синои Тоҷикистон

Вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон аз бемористони байналмилалии Ибни Сино дар Тоҷикистон боздид ва бо масъулони он дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Баҳроми Айнуллоҳи вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон сохти ин бемористон дар 14 сол пеш тавассути пизишкони эрониро ки имруз ба яке аз маъруфтарин муассисаоти дармонии Тоҷикистон табдил шуд боиси ифтихор ва намунаи мувафақи дипломосии саломати Эрон дар ин кишвари дуст ва ҳамзабон донист.

Айнуллоҳи гуфт: Дар Тоҷикистон маъруф шуд, ки агар мехоҳед дармон ёбед бояд ба бемористони Ибни Сино сар бизанед, ки онро пизишкони эронӣ бунён гузошта ва дар воқеъ дар байни мардуми ин кишвар ба унвони бемористони эронӣ машҳур аст.

Вазири беҳдошт, дармон ва омузиши пизишкии Эрон ба барномаи эҷоди як донишгоҳ бо сармоягузории давлати Тоҷикистон ҳам ишора карду афзуд: Қарор аст устодони улуми поя то болинии ин муассисаи омузиши аз тарафи Эрон таъмин шавад.