Июл 20, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Радди давлатҳои султагар аз вижагиҳои инқилоби ду кишвари Эрону Никарагуа

Раиси ҳайати порлумонии Эрон таъкид кард : Ҳамзод будани инқилобҳои ду кишвар радди давлатҳои султагар аз вижагиҳои инқилоби ду кишвари Эрон ва Никарагуа аст .

Иброҳими Азизӣ-раиси ҳайати порлумонии Эрон, ки барои ширкат дар маросими чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии инқилоби сандинистии Никарагуа ва рӯзи миллии ин кишвар вориди Манагоа шудааст, гуфт : Иштирокоти фаровоне миёни мардуми Эрону Никарагуа вуҷуд дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси ҳайати порлумонии Эрон афзуд : Талош дар ҷиҳати хизмат ба мардум ва пешрафти кишвар бо рӯйкарди мардуммеҳварӣ, истодагӣ муқобили қудратҳои зӯргӯ ва султагар ва ҳамроҳӣ дар таҳаввулоти байналмилалӣ аз вижагиҳои инқилоби ду кишвари Эрон ва Никарагуа аст.
Азизӣ сафари масъулини Эрон аз ҷумла ҳайати порлумонии Эрон ба Никарагуаро дар ҷиҳати тадовуми иқдомоту талошҳои муштарак барои расидан ба аҳдофи муштарак баршумурд .
Дар ҳайати порлумонии Эрон ҷиҳати ширкат дар ин маросим Сайидалии Оқозода-узви Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломӣ низ ҳузур дорад.
 

 

Барчасп