Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фулоди хом дар ғарби Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i105280-Эрон_бузургтарин_тавлидкунандаи_фулоди_хом_дар_ғарби_Осиё
Ҷадидтарин омори анҷумани ҷаҳони фулод нишон медиҳад Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фулоди хом дар ғарби Осиё аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2023 21:59 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фулоди хом дар ғарби Осиё
    Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фулоди хом дар ғарби Осиё

Ҷадидтарин омори анҷумани ҷаҳони фулод нишон медиҳад Эрон бузургтарин тавлидкунандаи фулоди хом дар ғарби Осиё аст.

Бар асоси ҷадидтарин омори мунташиршудаи анҷумани ҷаҳони фулод тавлиди фулоди хоми Эрон дар панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ 70 дарсад аз кулли тавлиди минтақаи ғарби Осиёро ба худ ихтисос дода аст.

Тавлидкунандагони фулод мустақар дар ғарби Осиё аз ҷумла Эрон, Қатар, Арабистони Саъудӣ ва Аморати муттаҳидаи арабӣ дар маҷмуъ 18.7 миллион тонна фулод дар ин давра тавлид карданд, ки ин мизон дар муқоиса ба муддати мушобеҳи соли гузашта 1.1 дарсад афзоиш ёфта аст.

Эрон дар соли гузашта 30.6 миллион тонна фулоди хом тавлид кард ва тавонисто ҷойгоҳи худро ба унвони даҳумин тавлидкунандаи бузурги фулоди ҷаҳон ҳифз кунад.