Баргузории сӯгвораи "Аҳло миналасал" дар Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо (а)
(last modified Mon, 24 Jul 2023 12:56:38 GMT )
Июл 24, 2023 17:56 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Аҳло миналасал\"

Иҷтимои донишомӯзони эронӣ дар қолаби сӯгвораи бузурги "Аҳло миналасал" ҳамзамон бо шашумин рӯзи Муҳаррамулҳаром ва ба манзури бузургдошти ёди шаҳиди навҷавони дашти Карбало - ҳазрати Қосим бин Алҳасан, дар Ҳарами мутаҳҳари имом Ризо алайҳиссалом дар Машҳад баргузор шуд.

Ба гузориши “ИРНА”, ин сӯгвора ба манзури тарвиҷи фарҳанги ошӯроӣ ва вилоятпазирии навҷавони 13 солаи дашти Карбало - ҳазрати Қосим ибни Ҳасан, ба сурати ҳузурӣ дар фазои боз бо ҳузури ҳудуди 500 донишомӯзи эронӣ аз хонаводаҳои шуҳадои Дифои муқаддас, мудофеони ҳарам ва шуҳадои саломат ба намояндагӣ аз соири донишомӯзон баргузор шуд.

Иборати "Аҳло миналасал" ба маънои "ширинтар аз асал", посухи ҳазрати Қосим дар шаби Ошӯро ба амӯи бузургвораш - ҳазрати Абоабдуллоҳил Ҳусайн (а) аст, ки пурсиданд " марг дар назди ту чӣ гуна аст?" ва ин навҷавони 13 сола дар ҷавоби ҳазрат гуфтанд: "Марг дар назди ман ширинтар аз асал аст”.