Июл 24, 2023 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ин шабакаи террористӣ ба воситаи конунҳои террористии мустақар дар кишварҳои Дания ва Ҳоланд ба созмони ҷосусии режими ишғолгари Қудс муттасил ҳастанд
    Ин шабакаи террористӣ ба воситаи конунҳои террористии мустақар дар кишварҳои Дания ва Ҳоланд ба созмони ҷосусии режими ишғолгари Қудс муттасил ҳастанд

Вазорати иттилооти Эрон аз боздошти аъзои бузургтарин шабакаи террористии вобаста ба режими саҳюнистӣ дар чанд устони кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе эълом кард, аъзои шабакаи густардаи террористӣ, ки қасди анҷоми иқдомоти мутааддиди харобкорона дар устонҳои Теҳрон, Кирмон, Исфаҳон, Куҳгилуя ва Бойир-Аҳмад, Курдистон ва Мозандарони Эронро доштанд, тавассути неруҳои амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин устонҳо шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Ин иттилоия меафзояд, аъзои ин шабака, ки ба воситаи конунҳои террористии мустақар дар кишварҳои Дания ва Ҳоланд ба созмони ҷосусии режими ишғолгари Қудс муттасил ҳастанд ва тавассути он режим ҳимояти молӣ ва таҷҳизотӣ мешуданд, дар остонаи моҳи Муҳаррам қасди анҷоми чандин амалиёти террористӣ дар устонҳои Теҳрон, Кирмон, Исфаҳон, Куҳгилуя ва Бойир-Аҳмад, Курдистон ва Мозандарони Эронро доштанд.

Вазорати иттилооти Эрон ҳамчунин ба кишварҳое, ки бо иддаои ҳимоят аз ҳуқуқи башар, огоҳона ба пойгоҳу маъмани расмӣ ва ошкори терроризм табдил шудаанд, ҳушдор дод, террористҳо ҳеҷ гоҳ ба ҳомиёни худ вафодор намондаанд ва мизбонӣ аз ҷинояткорони ҳирфаӣ ҳамеша ҳазинабар будааст.

 

Барчасп