Июл 26, 2023 21:24 Asia/Dushanbe
  • Таслияти фаро расидани Тосуъои Ҳусайнӣ

Фардо, нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррамулҳаром соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, рӯзи Тосуъои Ҳусайнӣ аст; рӯзе ба ёди Абулфазлил-Аббос ( алайҳи ассалом ) аламдори басирату шуҷоат, ки дар ҳимоят аз Имому раҳбараш ғафлат накарду ҷони худро дар роҳи мактаби Ошӯро фидо кард .

Мардуми худоҷӯ ва муъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо ва ҳамаи маконҳои муқаддас дар сӯги Сайиду солори шаҳидон ва дигар шуҳадои Карбало ба хусӯси ҳазрати Аббос ибни Алӣ, бародари гиромии Имом Ҳусайн ( а ) азодорӣ мекунанд .Ҳамаи бозорҳо, идораҳо, мадорис, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва воҳидҳои тавлидӣ ва саноъатӣ дар Тосуъову Шшӯрои Ҳусайнӣ дар Эрон таътилу сиёҳпӯш аст .
Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёрони вафодораш на танҳо аз аҳамияту ҷойгоҳи ин воқеа коста нашудааст, балки ҳарчӣ мегузарад паёми Ошӯро густардатару ойинҳои азодорӣ бо шӯру дарки бештаре баргузор мешавад .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Тосуъои Ҳусайниро ба ҳамаи мусулмонону озодихоҳони ҷаҳон таслият мегуяд .

 

Барчасп