Июл 28, 2023 18:06 Asia/Dushanbe
  • Даҳуми Муҳаррам - Рӯзи Ошӯро
    Даҳуми Муҳаррам - Рӯзи Ошӯро

Азодорони ҳусайнӣ дар саросари Эрони исломӣ намози зуҳри Ошӯроро ба ёди сарвару солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а) иқома карданд.

Рӯзи даҳуми Муҳаррам солрӯзи шаҳодати солори шаҳидон - ҳазрати имом Ҳусайн (а) аст, ки дар даҳуми Муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало шаҳид шуданд.

Азодорони ҳусайнӣ имрӯз (ҷумъа) бо ҳузур дар ҳайатҳои мухталиф дар саросари Эрон, аз сооти аввалияи субҳи рӯзи Ошӯро ба азодориву сӯгворӣ барои сайиду солори шаҳидон Ҳусайн бин Алӣ (а) пардохтанд.

Дастаҳо ва гуруҳҳои азодорӣ дар сафҳои муназзаму фишурда ба занҷирзанӣ, синазанӣ ва навҳахонӣ пардохтанд ва дар азову мотами сарвару солори шаҳидон ва ёрони бовафои эшон ашки мотам рехтанд.

 

Барчасп