Июл 28, 2023 21:03 Asia/Dushanbe
  • Тими волейболи зери 16 соли писари Эрон
    Тими волейболи зери 16 соли писари Эрон

Тими волейболи зери 16 соли Эрон бо шикасти Тайван дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, муҷаввизи ҳузур дар финали ин мусобиқот ва ҳамчунин мусобиқоти ҷаҳониро касб кард.

Тими волейболи зери 16 соли писари Эрон имрӯз (ҷумъа) бо шикасти 3 бар 2 –и Тайван дар марҳилаи ниманиҳоии рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, зимни касби саҳмияи рақобатҳои ҷаҳонии 2024, ба дидори ниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт.

Тими волейболи зери 16 соли писари Эрон дар сетҳои аввалу дувуми ин мусобиқа 25 бар 21 ва 25 бар 14 мағлуби Тайван шуданд, аммо дар сетҳои сеюм то панҷум ба тартиб бо имтиёзҳои 25 бар 22, 25 бар 17 ва 15 бар 13 ба пирӯзӣ расиданд.

Тими волейболи зери 16 соли Эрон фардо (шанбе) дар дидори ниҳоии ин рақобатҳо ба масофи барандаи дидори Покистон ва Узбакистон меравад.

Волейболистҳои навҷавони Эрон дар марҳилаи гуруҳӣ муваффақ ба шикасти тимҳои Ҷопон, Чин ва Арабистон шуда ва дар марҳилаи дувум низ бо шикасти Қазоқистону Узбакистон ба унвони садрнишин ба марҳилаи ниманиҳоӣ боло рафтанд.

 

Барчасп