Хабаргузории Фаронса: Эрон яке аз амнтарин кишварҳои минтақа барои масеҳиён аст
Хабаргузории Фаронса дар гузорише бо ишора ба амнияти мавҷуд барои шаҳрвандони масеҳии муқими Эрон навишт, Эрон яке аз амнтарин маконҳо дар Ховари Миёна барои масеҳиён аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар гузориши хабаргузории Фаронса омадааст, ҷомеаи масеҳиёни эронӣ дар канори яҳудиён ва зартуштиён бар асоси фармони оятуллоҳ Хумайнӣ (раҳбари фақиди инқилоби Эрон) ба расмият шинохта шуда ва ҳимоят мешаванд.
Ин расона бо ишора ба ҷунбу ҷуши роҳати шаҳрвандони масеҳии муқими пойтахт, барои баргузории бо шукӯҳи ҷашнҳои солинави мелодӣ, менависад, ҷомеаи масеҳиёни Эрон ҳаргиз бо маҳдудият аз сӯи мақомҳои Эрон мувоҷеҳ нестанд.
Хабаргузории Фаронса дар поёни ин гузориш бо ишора ба мусоҳибаи худ бо Рамзӣ Гормо, сарусқуфи аъзами ошуриҳои Эрон, менависад, вай бо ишора ба амнияти мавҷуд дар Эрон барои адёни мухталиф гуфт, аз ин ки дар ин минтақаи хаста аз ҷанг, Эрон маркази сулҳ аст, шукргузор аст.