Тақвияти равобити Эрону Туркия ба нафъи ҷаҳони Ислом ва минтақа
-
Аҳмади Ваҳидӣ: Ғарбу Амрико ба ҳар далеле намехоҳанд дунёи Ислом рушд кунад
Вазири кишвари Эрон ва сафири Туркия дар Теҳрон тақвияти равобити дуҷонибаро ба нафъи ҷаҳони Ислом ва минтақа донистанд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон дар дидори Ҳиҷоби Карлонгич, сафири Туркия дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки иҳонат ба Қуръони Карим - иҳонат ба ҳамаи адёни илоҳӣ аст, изҳор дошт: Эрону Туркия ду боли муҳими ҷаҳони Ислом ва минтақа ҳастанд, аммо Ғарбу Амрико ба ҳар далеле намехоҳанд дунёи Ислом рушд кунад.
Ҳиҷоби Карлонгич, сафири Туркия дар Эрон ҳам дар ин дидор бо баёни ин ки равобити ду кишвар бо тавваҷуҳ ба иштирокоти таърихӣ, фарҳангӣ ва одобу русум дерина ва дӯстона аст, гуфт: Туркия бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои гуногуне ҳамкорӣ дорад, ки бояд густариш ёбад.