Таслияти солгарди шаҳодати ҳазрати Зайналобиддин имоми чаҳоруми шиъаёни ҷаҳон
(last modified Sun, 30 Jul 2023 06:06:09 GMT )
Июл 30, 2023 11:06 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солгарди шаҳодати ҳазрати Зайналобиддин имоми чаҳоруми шиъаёни ҷаҳон
    Таслияти солгарди шаҳодати ҳазрати Зайналобиддин имоми чаҳоруми шиъаёни ҷаҳон

Имруз якшанбе 12 муҳрами соли 1445 мусодиф бо 30 июли соли 2023 солгарди шаҳодати ҳазрати Зайналобиддин мулақаб ба Саҷод фарзанди имом Ҳусейн(а) ва аз наводагони поки Расули Худо(с) аст.

Имом Саҷод ки дар воқеъаи Карбало дар бистари бимори буд пас аз наҳзати азизими имом Ҳусейн(а) масъулияти сангини интишори паёми ин наҳзат ва идомаи роҳи падари бузургаворашонро ба уҳда гирифт ва дар ҷиҳати нишон додани моҳият ва аҳамияти ин қиём талоши бисёри кард.

Имоми чаҳоруми шиъаёни ҷаҳон дар бинои тамадун ва фарҳанги исломӣ ва густариши таъолими ноби Қуръон талош кард ва бо равшанбинии хоси худ иқдом ба тарбияти донишмандони мусалмон кард то аз ин тариқ Қуръон ва сунннати Парёмбари Ислом(с) маҳфуз бимонад.

Аз мероси арзишманди имом Саҷод(а) барои мусалмонон китоби таҳти унвони "Саҳифаи Саҷодия" дар қолаби дуъо ва ниёш аст.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон солгарди шаҳодати имом Саҷод(а)-ро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ба вижа шиъаён таслият мегуяд.