Июл 31, 2023 10:54 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими футзали Умеди Эрон дар мусобиқоти КАФА
    Қаҳрамонии тими футзали Умеди Эрон дар мусобиқоти КАФА

Тими футзали Умеди Эрон бо пирузи баробари Тоҷикистон ба мақоми қаҳрамонии мусобиқоти КАФА даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон тими футзали Умеди Тоҷикистон бо натиҷаи 1 бар сифр тими мизбон яъне Тоҷикистонро шикаст дод ва қаҳрамонии ин давра аз рақобатҳоро аз они худ кард.

Танҳо голи ин дидор тавассути Муҳҳамаҳусейни Бозёр ба самар расид то Эрон бо 12 имтиёз соҳиби унвони қаҳрамони шавад.

Тими Эрон дар бозии нахуст муқобили Туркманистон бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб шуд аммо сипас баробари Қирғизистон 1 бар сифр муқобили Афғонистон бо натиҷаи 5 бар 1 баробари Узбакистон 5 бар сифр дар ниҳоят имруз муқобили Тоҷикистон ба пирузии 1 бар сифр даст ёфт ва қаҳрамон шуд.