Август 04, 2023 18:06 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими миллии волейболи навҷавони Эрон ба марҳалаи дувуми мусобиқоти ҷаҳонӣ

Тими волейболи навҷавонони Эрон дар дуюмин дидори худ аз мусобиқоти қаҳрамонии писарони зери 19 соли ҷаҳон муқобили Пуэрто-Рико ба пирӯзӣ расид ва роҳии марҳалаи дувуми мусобиқот шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими волейболи навҷавонони Эрон, ки дар нахустин бозии худ муваффақ ба шикасти се бар сифри Кореяи ҷанубӣ шуд, шаби панҷшанбе дар дуюмин дидори марҳалаи гуруҳӣ ва ба масофи Пуэрто-Рико рафт ва баранда шуд.
Навҷавонони Эрон дар ин дидор бо иқтидор ва бо имтиёзҳои 25 бар 18, 25 бар 15 ва 25 бар 12 Пуэрто-Рикоро шикаст доданд, то ба сеюмин бурди худ даст ёбанд ва 9 имтиёзӣ шаванд. Тими Нигерия ки дар гуруҳи Эрон қарор дорад аз ҳузур дар мусобиқот инсироф дод ва тими Эрон як бурд аз шикасти фаннии ин тим дар корномаи худ сабт кардааст.




 

 

Барчасп