Қаҳрамонии бадминтони Эрон дар мусобиқоти Осиёи миёна
(last modified Fri, 04 Aug 2023 13:25:05 GMT )
Август 04, 2023 18:25 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии бадминтони Эрон дар мусобиқоти Осиёи миёна

Бадминтони Эрон дар мусобиқоти радаи синнии зери 15 сол ва 17 соли Осиёи миёна бо 6 тилло ва 4 нуқра қаҳрамон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, марҳилаи финали мусобиқоти бадминтони радаи синнии Осиёи миёна ба мизбонии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва миллипӯшони Эрон дар бахши якнафара ва дунафара ва дар радаи синнии зери 15 сол ва 17 соли 6 тилло ва чаҳор нуқра гирифтанд ва тибқи эъломи Федерасиюн қаҳрамони ин мусобиқот шуданд.
Рақобатҳои бадминтони Осиёи миёна аз чаҳоршанбеи гузашта оғоз шуд . Дар ин мусобиқот тимҳои Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.