Вазири кишвари Эрон : Арбаъин як иттифоқи бузурги тамаддунсоз аст
Вазири кишвар(дохила)и Эрон гуфт : Арбаъин як иттифоқи бузурги тамаддунсоз буда ва инқилоби исломии Эрони ҳам бар пояи меъёри Ошуро иттифоқ афтодааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Аҳмади Ваҳидӣ дар таҷаммуъи мукибдорони арбаъин дар Урумия, маркази устони Озарбойҷони ғарбӣ, шимолу ғарби Эрон афзуд : Имом Ҳусайн ( а ) нуқтаи меҳварӣ барои ҷабҳабандии байни ҳақ ва ботил аст ва Ошурову Арбаъин ба хубӣ ҷараёнҳои ҳаққу ботилро ҷудо мекунад . Ваҳидӣ бо ишора ба талоши душман барои камранг кардани Ошуро тасреҳ кард : Имсол бо вуҷуди ҳамаи барномарезиҳои душман бошукӯҳтарин азодориҳо бо ҳузури мардум баргузор шуд . Вазири кишвари Эрон бо баёни инки ҷараёни азими ҳусайнӣ ҷаҳонӣ мешавад ва ҳар сол фурӯзонтар аз солҳои гузашта худро нишон медиҳад, афзуд : Ҳаракати бузурги Арбаъин ҷабҳабандии зидди душмани Дину Худо ва дар дифо аз маънавият ва мутаъаллиқ ба ҳамаи озодагони ҷаҳон аст.