Август 05, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии ҷавонони Эрон дар мусобиқоти вазнабардории Осиё

Тими вазнабардории ҷавонони Эрон дар бахши писарон, унвони ноиби тимии қораи Осиёро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, рӯзи поёнии мусобиқоти вазнабардории ҷавонону навҷавонони қораи Осиё имрӯз (шанбе) бо рақобатҳои дастаи фавқи сангини ин мусобиқот ба поён расид.

Тими миллии вазнабардории ҷавонони Эрон бо касби 3 тилло, 11 нуқра ва 7 брунз, бо 708 имтиёзи тимӣ, баъд аз Узбекистон, унвони нойибқаҳрамонии Осиёро ба даст овард.

Тим вазна бардории Узбекистон бо 729 имтиёз дар ҷойгоҳи нахуст ва тими Ҳинд бо 599 имтиёз сеюм шуд.

Дар рӯзи поёнии ин мусобиқот Алиризо Исфандиёрӣ муваффақ ба касби 2 медоли тилло ва як нуқра шуд  Тоҳо Неъматии Муқаддам, ки дар радаи синнии навҷавонони муваффақ ба касби 3 нишони тилло шуда буд дар радаи синнии ҷавонон низ як медоли нуқра ва 2 брунз касб кард.

 

Барчасп