Август 06, 2023 14:51 Asia/Dushanbe
  • Коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 артиш бо Раҳбари инқилоб дидор карданд
    Коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 артиш бо Раҳбари инқилоб дидор карданд

Фармондеҳ, коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳ коркунон ва хонаводаҳои новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имруз якшанбе бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

Новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз тайи 65 ҳазор километр дарёнаварди ба даври кураи замин ва убур аз уқёнуси Ҳинд, Ором ва Атлас рузи шанбе 20 май вориди обҳои сарзаминии кишвар шуд ва дар маҳдудаи обҳои Бандарабос дар обҳои Халиҷи Форс мавриди истиқболи ҷангандаҳои неруи ҳавоӣ артиш ва анбуҳи аз шиноварҳои эронӣ қарор гирифт.

Новгуруҳи 86 неруи дарёӣ артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ки ба номи новгуруҳи 360 низ шинохта мешавад 20 сентябри соли 2022 ба маъмурияти дарёнавардии дури кураи замин эъзом шуд.

Машруҳи ин хабар пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мунташир мешавад.