Раисӣ: Тавонмандиҳои Эрон бо кишварҳои дӯст ба иштирок гузошта мешавад
(last modified Sun, 06 Aug 2023 13:30:22 GMT )
Август 06, 2023 18:30 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Тавонмандиҳои Эрон бо кишварҳои дӯст ба иштирок гузошта мешавад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон омодагӣ дорад пешрафтҳои чашмгир ва тавонмандиҳояш дар арсаҳои мухталифро бо кишварҳои дӯст, аз ҷумлаи Шри-Ланка ба иштироки бигузорад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Алӣ Сабрӣ, вазири умури хориҷаи Шри-Ланка, бо баёни инки равобити ду кишвар аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ ҳамвора созанда ва рӯ ба тавсеа будааст, зарфиятҳои мутанаввеъи мавҷӯд дар ду кишварро бистари муносибе донист, ки метавонад мӯҷиби иртиқои равобити фимобайн ба сутӯҳи болотар шавад.

Вазири умури хориҷаи Шри-Ланка низ бо ишора ба ҳузуру фаъолиятҳои созандаи ширкатҳои эронӣ дар Шри-Ланка, аз алоқамандии давлати матбуъаш барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фанноварӣ ва пизишкӣ хабар дод.

Вай барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба Теҳрон сафар кардааст.