Август 09, 2023 14:27 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Эронӣ: Дастовардҳои ҷадиде ба нерӯи дарёии артиши Эрон илҳоқ мешавад

Фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки ҳузури муассири ин нерӯ дар ҳамаи уқёнусҳо дар дастури кор қарор дорад, гуфт: Ба зуддӣ дастовардҳои ҷадиде ба нерӯи дарёии артиши Эрон илҳоқ мешавад.

Адмирал Шаҳроми Эронӣ гуфт, табйини фаъолиятҳои ин неру, аз ҷумла инъикоси маъмурияти новгурӯҳи 86, ки ҳамзмон як маъмурияти таърихӣ барои низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, бо ҳимояту пуштибонии расонаҳо муяссар шуд.

Вай бо ишора ба нақши расона дар табйини муваффақиятҳои ин неру тасреҳ кард: Муваффақиятҳои имрӯзи неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи дарё, марҳӯни омӯзаҳои Инқилоби Исломӣ ва ҷузви дастовардҳои Инқилоби Исломӣ башумор меравад.

Адмирал Эронӣ ҳамчунин бо ишора ба дастури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳавзаи табйини бештари фаъолиятҳои новгурӯҳи 86-и неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Новгурӯҳи 86 охирин дастовардҳо дар ҳавзаи илмӣ ва санъатии Эронро дар арсаи дарё ба рухи ҷаҳонён кашид.

 

Барчасп