Август 10, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Муовини илмии раиси ҷумҳури Эрон : Илму фанноварӣ мӯҷиби наздикии байни миллатҳо мешавад

Муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Илму фанноварӣ арзишофаринтарин ва волотарин ҳавза ва меҳваре аст, ки мӯҷиби наздикии байни миллатҳо мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рӯҳуллоҳ Деҳқонии Фирӯзободӣ дар ҳошияи боздиди Вонг Дин Хо-раиси маҷлиси Ветнам аз намоишгоҳи доимии дастовардҳои Хонаи фанноварӣ ва навоварии Эрон дар Теҳрон бо баёни инки ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварии байни Эрон ва Ветнам метавонад заминасози қаробатҳоу иштирокоти бештари 2 кишвар бошад, тасреҳ кард : Бо тавваҷуҳ ба тавонмандиҳои Эрон дар ҳавзаи саноъатӣ заминаи ҳамкориҳои саноъатӣ ва тавлидот бо меҳварияту мавзӯъоти мухталиф миён ду кишвар метавонад шакл бигирад. Муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин аз тавонмандии Эрону Ветнам дар ҳавзаи иқтисоди диҷитал ва маҳсӯлоти ин ҳавза ба унвони яке дигар аз меҳварҳои ҳамкории муштарак ёд карду афзуд : Аз он ҷое ки маҳсӯлоти диҷитал(рақами)и сохти Ветнам  ба унвони маҳсӯлоти бокайфият шинохта мешаванд ҳамкорӣ бо Эрон дар ҳавзаи маҳсӯлоти диҷитал метавонад ба таври ҷиддӣ шакл бигирад . Раиси маҷлиси Ветнами ҳам дар ин боздид ба зарфиятҳои илмӣу фанноварии Эрон ишора карду тақвияти ҳамкориҳо дар ин ҳавзаи байни ду кишварро хостор шуд . Вонг Дин Хо  гуфт : Эрону Ветнам зарфияти хубе дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла интиқоли фанноварӣ дар ҳавзаҳои нанофановарӣ, ҳавофазо ва навоварӣ ва кишоварзӣ доранду мардуму давлати Ветнам барои илму фанноварӣ ва пешрафтҳои фановаронаи Эрон арзиши зиёдӣ қоил ҳастанд.

 

 

Барчасп