Оғози фаъолияти консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳади муқаддас
Август 13, 2023 17:53 Asia/Dushanbe
Раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи Эрон дар Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) гуфт, консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳади муқаддас ба сӯрати расмӣ фаъолияти худро дар яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳр оғоз кард.
Муҳаммад Биҳиштии Мунфарид, раиси намояндагии вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар Хуросони Разавӣ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, консулгарии Арабистони Саудӣ дар Машҳад бо ирсоли ёддошти расмӣ ба дафтари намояндагии вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар ин шаҳр фаъолияти расмии худро аз дирӯз (шанбе), дар яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳр ба унвони маҳали муваққат эълом кард.
Барчасп