Август 14, 2023 19:52 Asia/Dushanbe

Муовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри ҳайати олирутбаи низомӣ ба Маскав пойтахти Русия сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс адмирал Азиз Насимзода муовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар чанд руйдоди байналмилалӣ дар бахши дифоъӣ ва амнияти рузи душанбе бо истиқболи Козими Ҷалолӣ сафири Эрон дар Русия ва генерал Алег Демниников намояндаи аршади Вазорати дифоъи Руси вориди фурудгоҳи Внукови Маскав шуд.

Адмирал Насирзода дар замони вуруд ба Маскав бо генерал Алег Демниённуков намояндаи аршади Вазорати дифоъи Русия дар бораи муносиботи дифоъӣ Эрон ва Русия гуфтугу кард.

Мовини раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими гушоиши ҳамоиш ва намоишгоҳи байналмилалии низомӣ 2023 Русия ширкат мекунад.

Барчасп