Август 15, 2023 15:13 Asia/Dushanbe
  • Касби мақоми дувуми Эрон дар олимпиадаи ҷаҳонии роботии донишомӯзӣ

Тими миллии роботиии донишомӯзии Эрон бо касби мақоми дувум дар мусобиқоти ҷаҳонии Чин бомдоди имрӯз ( сешанбе ) ба кишвар бозгашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими эъзомии роботии донишомӯзии Эрон шомили 42 нафари мунтахаб аз саросари Эрон ба ин мусобиқот эъзом шуданду тавонистанд мақоми дувумро касб ва ба кишвар бозгарданд.
Донишомӯзон мунтахаби Эрон барои ширкат дар 5 лиги масирёб, рагбӣ,сомо, халлоқият ва гузориши фаннӣ дар радаи зери 17 сол бо донишомӯзони 24 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Пекин ба рақобат пардохтанд .
Дар ин мусобиқот тимҳое аз кишварҳои Эронин,Кореяи ҷанӯбӣ, Малайзия, Туркия, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Русия, Полша, Миср, Тунис, Алҷазоир, Зеляндияи нав, Мексика, Эквадор, Аргентина, Муғулистон, Тайланд, Непал, Бангладеш, Қазоқистон ва Эфиопия дар маҷмӯъ беш аз 3 ҳазор ширкаткунанда ва беш аз як ҳазору шашсад тим ширкат карданд.

 

 

Барчасп