Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
Вазири умури хориҷаи Эрон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистону ҳалли мушкилоти атбои ин кишвар таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ба нақл аз идораи кулли иттилорасонӣ ва умӯри сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Эрон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбе дар дидори Ториқ Алӣ Бахит, муовини дабири кулл ва фиристодаи вижаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар умӯри Афғонистон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо доштани 900 километр марзи муштарак бо Афғонистон нисбат ба таҳаввулоти ин кишвар, иҳтимом ва ҳассосият дошта ва роҳи ҳалли хурӯҷи Афғонистон аз вазъияти кунӯниро ташкили давлати фарогир бо ҳузури ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар медонад.
Вай бар зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба оворагони афғонистонӣ дар Эрон таъкид ва хостори ташдиди фаъолиятҳо барои ҳалу фасли мушкилоти ҷории маъишатӣ ва инсонӣ дар Афғонистон шуд.
Алӣ Бахит низ дар ин дидор, нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси вазъияти Афғонистонро бисёр муҳим ва созанда хонд ва хостори дарёфти назароту мусоидати Эрон дар бораи рафъи мушкилоти Афғонистон шуд.