Аз тактирандози хатшикан то мушакҳои Хайбаршикан: Сардор Ҳоҷизода кӣ буд?
(last modified Sun, 29 Jun 2025 09:46:18 GMT )
Июн 29, 2025 14:46 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
    Сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ

Порс-Тудей. Сардори сарлашкари шаҳид Амиралӣ Ҳоҷизода, аз чеҳраҳои барҷаставу асаргузори низомии Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор мерафт, ки нақши инкорнопазире дар тақвияти тавони дифоии ин кишвар дар арсаи мушакӣ ва ҳавофазо ифо кард.

Сардор Амиралӣ Ҳоҷизода 23 хурдоди 1404 дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бархе таъсисоти низомӣ, ҳастаӣ ва манозили маскунии Эрон ба шаҳодат расид. Дар ин матлаб аз Порс-Тудей, нигоҳе ба зиндагиномаи сардор Ҳоҷизода андохта шудааст.

Сардор Ҳоҷизода ва сардор шаҳид Боқирӣ дар боздид аз яке аз шаҳрҳои мушакии Эрон

 

Таваллуд

Амиралӣ Ҳоҷизода дар 28 урдибиҳишти 1340 ҳиҷрии шамсӣ дар Теҳрон ба дунё омад. Хонаводаи ӯ асолатан аҳли Хуррамдашти устони Қазвини Эрон буданд. Падараш ба шуғли абзорфрушӣ ва таъмири абзоролоти санъатӣ машғул буду модараш ҳам хонадор буд. Ҳоҷизода мутааҳҳилу дорои се фарзанд буд.

Сардор Ҳоҷизода дар канори сардор шаҳид Саломӣ

 

Таҳсилот ва ҳузур дар Дифои муқаддас

Ҳоҷизода дар ҳавзае муртабит бо мудирияти низомӣ ё ҳавофазо таҳсил кардааст. Дар соли 1359 бо шурӯи ҷанги таҳмилии режими Баъси Ироқ алайҳи Эрон, ӯ дар ҳоле ки танҳо 19 сол дошт, билофосила дар қолаби неруҳои довталаби Басиҷу Сипоҳ роҳии ҷабҳаҳои набард шуд. Дар ҳамон моҳҳои оғозини ҷанг, бо вуҷуди инки омӯзишҳои классики низомии маҳдуде дида буд, ба воситаи ҳуши майдонӣ, тасаллут ба умури фаннии сода ва тавоноии боло дар кори тимӣ, ба унвони фармондеҳи даста мансуб шуд. Масъулияти ӯ дар ин марҳала, ҳамоҳангии гуруҳҳои муқовимати маҳаллӣ, пуштибонии лаҷистикии хати муқаддам ва баъзан ҳидояти гаштиҳои шиносоӣ дар шаб буд. Амиралӣ Ҳоҷизода дар тӯли ҷанги таҳмилӣ дар нақши як тактирандози хатшикани Сипоҳи посдорон дар бархе аз муҳимтарин амалиётҳои Дифои муқаддас ҳузури фаъол дошт.

Сардор Ҳоҷизода нафари аввал аз самти чап; шаҳид Теҳронимуқаддам, нафари сеюм аз самти чап

 

Шогирди падари мушакии Эрон

Пас аз поёни ҷанги таҳмилӣ Амиралӣ Ҳоҷизода масири тахассуситареро дар пеш гирифту вориди бахши ҳавофазои Сипоҳи посдорон шуд. Ӯ дар ҳавзаи мушакӣ фаъолияти худро оғоз кард ва ба унвони шогирди барҷастаи шаҳид Ҳасани Теҳронимуқаддам, падари барномаи мушакии Эрон, солҳо дар марокизи ҳассосу стратегии мушакии кишвар нақшофаринӣ кард.

Сардор Ҳоҷизода

 

Масъулиятҳо ва дастовардҳо

Ҳоҷизода масъулиятҳои гуногунеро дар сохтори Сипоҳи посдорон бар ӯҳда дошт, ки шомили масъули амалиёт дар фармондеҳии мушакии сипоҳ, фармондеҳи муҳандисии размии неруи ҳавоии сипоҳ, фармондеҳи падофанди ҳавоии сипоҳи посдорон, бунёнгузори фармондеҳии мушакии сипоҳ дар пойгоҳи шаҳид Мунтазирӣ ва нахустин фармондеҳи Неруи ҳавофазои сипоҳ буд. Ӯ дар тӯли даврони фармондеҳии худ дар Неруи ҳавофазои сипоҳ нақши муҳиме дар тавсеаи тавони дифоӣ ва низомии Эрон доштааст. Фармондеҳии ҳамла ба Маркази фармондеҳии гуруҳи террористии ДИИШ дар Дайруззӯр пас аз вуқуи амалиёти террористӣ дар Эрон, фармондеҳии ҳамла ба пойгоҳи Айнуласади Амрико дар Ироқ дар посух ба террори сардор Қосими Сулаймонӣ, партоби нахустин моҳвораи низомии Ҷумҳурии исломии Эрон бо номи «Нури 1», фармондеҳии ҳамлаи мушакӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ дар ҷараёни амалиётҳои “Ваъдаи содиқи 1” ва “Ваъдаи содиқи 2”, тавсеа ва рӯнамоии мушакҳои ҳойперсоники Фаттоҳ ва Фаттоҳи 2, иртиқои сомонаҳои падофандӣ ва тавсеаи арсаи ҷанги электронӣ ва сойберӣ, тавсеаи новгони паҳподӣ ва фанноварии таслеҳи паҳподҳои размӣ, бархе аз иқдомот ва дастовардҳои ӯ аст.

Сардор Ҳоҷизода дар канори сардори шаҳид Сулаймонӣ

 

Дарёфти нишони Фатҳ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво дар меҳри 1403 тайи маросиме ба сардор Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нишони Фатҳ эъто карданд. Эътои ин нишон ба далели амалиёти дурахшони «Ваъдаи содиқ» анҷом шуд.

Дарёфти нишони Фатҳ аз сӯи Раҳбари инқилоб

 

Шаҳодат

Саҳаргоҳи 23 хурдоди 1404 (13 июни 2025) сардор Ҳоҷизода, фармондеҳи Неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрони исломӣ ба шаҳодат расиду пайкараш дар Биҳишти Заҳрои Теҳрон ба хок супурда шуд.