Теодор Ҳерзл, меъмори оворагии миллионҳо инсон ки буд?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121986-Теодор_Ҳерзл_меъмори_оворагии_миллионҳо_инсон_ки_буд
Порс-Тудей. Теодор Ҳерзл (Theodor Herzl) бо ҳадафи таъсиси давлати яҳуд дар сарзаминҳои берун аз Аврупо, асосгузори яке аз бузургтарин ҷиноятҳои асри 20 шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Сентябр 09, 2025 15:06 Asia/Dushanbe
  • Теодор Ҳерзл, асосгузори ҷунбиши саҳюнизм
    Теодор Ҳерзл, асосгузори ҷунбиши саҳюнизм

Порс-Тудей. Теодор Ҳерзл (Theodor Herzl) бо ҳадафи таъсиси давлати яҳуд дар сарзаминҳои берун аз Аврупо, асосгузори яке аз бузургтарин ҷиноятҳои асри 20 шуд.

Теодор Ҳерзл, асосгузори ҷунбиши саҳюнизм, ки худро ба унвони мураввиҷи идеяи таъсиси давлати яҳуд муаррифӣ мекард, дар воқеъ муассиси тарҳе шуд, ки на танҳо боиси овора ва ранҷу азоби миллионҳо фаластинӣ шуд, балки як тарҳи ишғоли сарзаминҳои Фаластин ба номи яҳудиён маҳсуб мешуд. Дар ин мақола аз Порс-Тудей, нигоҳе ба зиндагиномаи ӯ андохта шудааст.

 

Таваллуд ва оила

Теодор Ҳерзл  )ба рӯсӣ: Герцл( 22 майи соли 1860 дар Будапешти Маҷористон дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Вай се номи гуногун дошт: Теодор (номи олмонӣ), Бенҷамин Зеев (номи ибрӣ) ва Теовадара (номи венгерӣ). Ӯ дар синни шашсолагӣ ба мактаби яҳудӣ дохил шуд ва чаҳор сол дар онҷо таҳсил кард, аммо иртиботаш бо таҳсили яҳудӣ қатъ шуд ва натавонист, ки забони ибрӣ ва алифбои ибрӣ омӯзад. Пас аз ин давра, ӯ дар ҳунаристон (консерватория) таҳсил кард ва дар синни 15-солагӣ ба Донишгоҳи Инҷилӣ дохил шуда, онро дар соли 1878 хатм кард. Бо вуҷуди решаҳои маҷорӣ, хонаводаи Ҳерзл ҳуввияти олмонии худро нигоҳ дошта, ба раванди "венгеризатсия" муқовимат карданд. Ниҳоят, соли 1888 оилаи Ҳерзл ба Вена кӯчид. Аҳолии яҳудиёни Вена, он вақт камтар аз ҳазор нафар буд, аммо пас аз даҳ сол, ин рақам ба беш аз сад ҳазор нафар  расид.

 

Аз мақоланависӣ то намоишноманависӣ

Дар соли 1884 Ҳерзл ба ваколат даъовӣ (ҳуқуқшиносӣ) пардохт, аммо бо гузашти вақт, ӯ тасмим гирифт, ки ҳаёти худро ба навиштан бигузаранд. Вай соли 1885 ба навиштани мақолаҳо пардохт, ва ҳамчун рӯзноманигор ва нависандаи озод кор кард. Дар ин давра Ҳерзл чандин намоишнома  навишт, ки дар байни онҳо пьесаи маъруф ва муҳими "Геттои нав" дар соли 1894 буд. Дар  намоишномаҳои Ҳерзл, кӯшишҳои ӯ барои ёфтани роҳҳои мутобиқшавӣ ва ҳамгироӣ ба фарҳанги ғарбӣ барои яҳудиён, инъикос ёфта буданд. Ҳерзл ва бисёре аз шариконаш, аз қабили Макс Нордау ва Георг Лукач, бар ин бовар шуданд, ки яҳудиён ба далели антисемитизм ва таҳқири фарҳангӣ наметавонанд ба таври комил ба ҷомеаҳои ғарбӣ ворид шуда, ва бо ин ҳол, наметавонанд ҳуввияти яҳудии худро аз даст бедиҳанд.

 

Издивоҷ ва мушкилоти шахсӣ

Дар соли 1889 Ҳерзл бо Ҷули Нечавар, ки аз оилаи сарватманд буд, издивоҷ кард. Ӯ умедвор буд, ки издивоҷ, мушкилоти молии ӯро ҳал кунад, аммо ба далели вобастагии шадиди Ҳерзл аз модар ва мушкилоти шахсии ӯ, ин издивоҷ зиёд давом надошт. Пас аз издивоҷ Ҳерзл, дар рӯзномаҳои Австрия ба ҳайси хабарнигор кор мекард ва дар соли 1891 ба муддати чаҳор сол ба Париж фиристода шуд. Пас аз ба Париж фиристоданаш, ӯ сардабиру муҳаррири бахши адабии рӯзнома шуд.

 

Mасаълаи яҳуд

Ҳангоми кор ба ҳайси рӯзноманигор дар соли 1894, Ҳерзл дар мурофиаи Алфред Дрейфус, афсари яҳудии фаронсавӣ, ки бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Олмон маҳкум шуда буд , ширкат дошт. Ин ҳодиса ва шиддати эҳсосоти зидди яҳудӣ дар Фаронса, Ҳерзлро  ба ин натиҷа расонд, ки яҳудиён бояд давлати мустақили худро дошта бошанд. Ҳерзл китоберо бо номи “Давлати яҳуд”, ки дар моҳи ноябри соли 1896 нашр шуд, мунташир кард, ва дар ин китоб назарияеро бо номи “Давлати яҳуд” ба миён гузошта ва тарҳи таъсиси давлати яҳудиёнро дар сарзаминҳои ғайриаврупоӣ монанди Фаластин ё Африқо пешниҳод дод.

 

Ҷунбиши саҳюнизму конгресси ҷаҳонии 1897

Ҳерзл кушиш мекард, ки ташкилоти чахонии саҳюнизмро барпо намояд то битавонад ин ҷунбишро ба таври расмӣ ва созмон ёфта ҳидоят кунад .

Дар Конгресси ҷаҳонии саҳюнистӣ, ки соли 1897 дар Базели Швейтсария баргузор шуд, аҳдофи саҳюнизм расман баён шуд ва Ҳерзл раҳбари ин ҷунбиш шинохта  шуд.

 

Музокирот бо истеъморгарон

Баъди конгресс, Ҳерзл музокироти худро бо қудратҳои истиъморӣ ҳамчун Олмону ва Англия идома дод.

Ӯ ҳатто пешниҳод кард, ки дар сарзаминҳои гуногун, аз қабили Сино, Кипр ва Африқои Шарқӣ мустамликаи яҳудиён таъсис дода шавад. Аммо аксари ин пешниҳодҳо бо мухолифат ё нокомӣ рӯбарӯ шуданд. Дар соли 1901 Ҳерзл бо Султон Абдулҳамиди 2  аз Императории Усмонӣ мулоқот кард, то ҳимояти ӯ барои таъсиси ватани яҳудиён дар Фаластинро ба даст орад, аммо Ҳерзл натавонист дастгирии ӯро ба даст орад.

 

Марг

Дар ниҳоят, Ҳерзл бо пешниҳодҳое ҳамчун таъсӣси як сарзамини яҳудӣ дар шарқи Африқо, ба музокира бо Бритониё пардохт . Бо ин ҳол , ҳеҷ кадом аз ин тарҳҳо ба марҳала иҷро нарасиданд .

Ҳерзл 3 июли соли 1904 дар синни 44-солагӣ вафот кард. Ҳарчанд ӯ умри кӯтоҳе дошт, аммо кӯшишҳои ӯ поягузори теориҳоу иқдомоти амалӣ буд, ки дар ниҳоят ба таъсӣси режими ҷаълии Исроил дар соли 1948 мунтаҳӣ шуд .

Дар соли 1949 ва як соли пас аз таъсӣси ин режим , бадани Ҳерзл ба сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил шуд .