Аз ҳазрати Зайнаб наваи Паёмбари ислом ва бонӯи табйингаир муқовимат чӣ медонед ?
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i121574
 Порс тудей - Ҳазрати Зайнаб саломуллоҳи алайҳо наваӣ гиромии Паёмбар ислом буданд ки ба унвони улгӯе аз сабру истиқомат шинохта мешаванд .
(last modified 2025-08-18T08:25:16+00:00 )
Август 17, 2025 16:45 Asia/Dushanbe
  • Аз ҳазрати Зайнаб наваи Паёмбари ислом ва бонӯи табйингаир муқовимат чӣ медонед ?
    Аз ҳазрати Зайнаб наваи Паёмбари ислом ва бонӯи табйингаир муқовимат чӣ медонед ?

 Порс тудей - Ҳазрати Зайнаб саломуллоҳи алайҳо наваӣ гиромии Паёмбар ислом буданд ки ба унвони улгӯе аз сабру истиқомат шинохта мешаванд .

Ҳазрати Зайнаби духтари ҳазрати Фотима ( духтари пПёмбари ислом ) ва Имом Алӣ ( васӣ ва ҷонишини Паёмбари ислом ) , яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи ислом ҳастанд ки ба далели шахсияти устувор ва фидокориҳои фаровонашон , ба унвони парчамдори қиёми Ошуро ва  сарпарасти асирони Карбало шинохта мешаванд . Дар ин матлаб аз Порс тудей нигоҳӣ ба зиндагонии эшон андохта шудааст .

Таваллуд

Ҳазрати Зайнаб духтари аввали Имом Алӣ ва ҳазрати Фотима ва хоҳари Имом Ҳасану Имом Ҳусайн ҳастанд . Дарбораи таърихи валодати ҳазрати Зайнаб ихтилоф вуҷӯд дорад : Бархе манобе , валодаташро дар панҷуми ҷамодиалаввали соли панҷуми ҳиҷрии қамарӣ ва бархе дигари соли шашуми ҳиҷрии қамарӣ дар Мадина зикр кардаанд .

Номгузорӣ

 Номгузории ҳазрати Зайнаб , тавассути Паёмбари ислом сӯрат гирифт . Гуфта шуда Ҷабраил аз сӯйи Худованд ин номро ба Паёмбар рисондааст . Дар китоби اَلخَصائِصُ الزَّینَبیّة омадааст : Паёмбар ӯро бӯсид ва гуфт : « Ҳозирони умматам , ғоибонро аз каромати ин духтарам Зайнаб огоҳ кунанд ; Ҳамоно ӯ монанди ҷаддаш Хадиҷа аст . » Зайнаб дар луғат ба маъноӣ « дарахти неку назару хушбӯ » ва « зинати падар »аст .

Алқоб

Алқоби фаровонӣ барои эшон нақл шудааст . Бархе беш аз шаст лақаб барои ӯ зикр кардаанд ки баъзе аз онҳо иборатанд аз : Ақила банӣ Ҳошим , Орифа , Мувассақа , Фозила ва  Комила . Ҳазрати зайнабро ба сабаби сахтиҳои бисёре ки дар зиндагӣ дид ,Умул Масоиб лақаб додаанд ; Даргузашти ҷадашон Паёмбари ислом , беморӣ ва шаҳодати модарашони Фотима , шаҳодати падарашон Амирал муъминин , шаҳодати бародарашон Имом Ҳасан , шаҳодати Имом Ҳусайн ва воқеаи Карбало ва ба асорат рафтан дар Кӯфа ва Шом аз ҷумлаи вақойиъи сахту талхи зиндагии эшон ба шумор меояд .

Издивоҷ

Ба гузориши манобеи торихӣ , ҳазрати Зайнаб бо вуҷӯди хостгорҳои мутаъаддид , бо писари амуи  худ Абдуллоҳ бин Ҷаъфар , издивоҷ карданд ки ҳосили он чаҳор писар ва як духтар буд .

Ҳамроҳии Имом Ҳусайн дар воқеаи Карбало ва равшангарии пас аз он

Бисёре аз муаррихон , муҳимтарин ҳодиса дар даврони зиндагонии ҳазрати Зайнабро воқеаи Карбало донистаанд . Эшон дар воқеаи Карбало то ҳангоми шаҳодати Имом Ҳусайн , ҳамроҳи ӯ буданд . Пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн низ ба ҳамроҳи дигари бозмондагон , асир шуданд ва ба Кӯфа ва Шом рафтанд . Ҳазрати Зайнаб ба ҷиҳати муқобила бо душманону ифшогариҳои худу муаррифии мақому мазлӯмияти аҳлубайт пас аз шаҳодати бародарашон Имоми Ҳусайн , парчамдори қиёми Карбало муаррифӣ шудаанд . Ҳамчунин хутбаҳо ва равшангариҳои эшонро рамзи бақои ҳамосаи Ошуро ва бедории мардум донистаанд . « Муҳаммад Муҳаммадии Аштҳордӣ » нависандаи осори мазҳабӣ дар Эрон , се рисолати ҳазрати Зайнаб пас аз Ошуроро чунин баён кардаанд : Сарпарастии асирон , ҳимояту нигаҳбонӣ аз Имом Саҷҷод фарзанди Имом Ҳусайн ва иблоғи паёми шаҳидон ба мардум .

Маҷлиси язид дар Шом

Вақте корвони усарои Карбало вориди Кохи Язид шуд , маҷлиси расмии муташаккил аз бузургони Шому намояндагони адён дар Кох ташкил шуд . Дар ин ҳангом , ба дастури Язид , асиронро ворид маҷлис карданд дар ҳоле ки чашмҳо , ҳама ба усаро менагиристанд . Дар ин ҳайн ҳазрати Зайнаб хитоб ба Язид фармуданд :« Оё ин аз адолатаст ки ҳамсарону канизони худатро дар пушти пардаҳо қарор дода , вале духтарони Расӯли Худоро ба унвони асир , равона кардаи , пардаҳои ҳурмати ононро дарида , чеҳраҳояшонро ошкор сохта ва зери султаи душманон аз шаҳрӣ ба шаҳрӣ мегардони , он гӯна ки мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо ва қалъаҳо ва биёбонҳо ба онон менигаранду дуру  наздик , чеҳраи ононро тамошо мекунанд ? Ҳар макр ва ҳар саъй ва талоше, ки дорӣ ба кор банд , савганд ба Худо ки ҳаргиз наметавонед ёду номи моро маҳву ваҳи моро бимирони ва хомӯш кунӣ . . . Ин ору нанг аз ту зудуда нахоҳад шуд .

 Равшангариҳои ҳазрати Зайнаб мӯҷиби аз байн рафтани шодии пирӯзии ИбниЗиёду Язид ва банӣ Умия дониста шудааст . Гуфта шуда дар асари равшангарии ҳазрати Зайнаб , язид маҷбур ба узрхоҳӣ ва изҳор пушаймонӣ шуд ва ба шаҳодат расондани Имом Ҳусайнро ба гардани Убайдуллоҳ бин Зиёд андохт . Пас аз он , ҳазрати зайнаб ва асирони Карбало аз Язид дархост карданд дар Шом барои Имом Ҳусайн азодорӣ кунанду Язиди пазируфт .

Сабру истиқомат

 Ҳазрати Зайнаб намоди сабру қаҳрамони сабр муаррифӣ шудаанд . Муқовимат дар роҳи посдорӣ аз ҳарими дин , кантроли нафас дар баробари номулоимоту заъф нишон надодан дар муқобили душману адами шиква дар ҳузури мардум аз ҷумлаи вижагиҳои сабри ҳазрати Зайнаб ном бурда шудааст . Эшон дар рӯзи Ошуро , ҳангом дидани пайкари хунини бародарашон Имом Ҳусайн чунин гуфтанд : « Бор Худоё , ин қурбонӣ ва кушта дар роҳи худатро аз мо ( хонадони Паёмбар ) бипазир . » ҳамчунин эшон дар посухи Ибни Зиёд ки пурсид кори Худоро бо бародару аҳлубайтат чигуна дидӣ , фармуданд : « Ҷузъ зебоӣ , чизе надидам » .

Ҳамосаи Зайнаб

 Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари инқилоби исломӣ дарбораи шахсияти ҳазрати Зайнаб ин бонӯи табйингари муқовимат гуфтаанд : Ҳамосаи Зайнаби Кубро ( с ) . . . Мукаммили Ҳамоса Ошуроаст . . . Азимати кори Зайнаби Кубро ( с )ро намешавад дар муқоиса бо бақияи ҳаводиси бузурги таърих санҷид ; бояд онро дар муқоиса бо худи ҳодисаи Ошуро санҷид ; Ин инсони боазимат , ин бонӯи бузурги ислому башарият , тавонист дар муқобили кӯҳи сангини масоиб , қомати худро устувору барафрошта нигаҳ дорад . . . Эшон ҳам дар мувоҷиҳа бо душманон ва ҳам дар мувоҷиҳа бо мусӣбату ҳаводиси талх , мисли як қуллаи сарафроз истод ; Дарс шуд , улгӯ шуд , пешво шуд , пешрав шуд .

 Вафоту маҳали дафн

 Ҳазрати Зайнаб дар 15 раҷаби соли 62 ҳиҷрии қамарӣ вафот карданд ва дар Димишқи Сурия ба хок супурда шуданд .