Ҳамкориҳои дуҷониба ва байналмилалӣ ; меҳвари гуфтугӯи Раисӣ ва Путин
Раисони ҷумҳӯри Эрону Русия дар гуфтугӯйи телефонӣ дар бораи мавзӯъоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ройзанӣ ва табодули назар карданд.
Ба гузориши ИРНА, Саидиброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе дар ин тамоси телефонӣ бар азми ду кишвар барои тавсеаи бештари равобити дуҷониба дар заминаҳои тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва муҳити зист таъкид карданд.
Раисони ҷумҳурии ду кишвар ҳамчунин дар бораи мавзӯҳои муртабит бо ҳамкорӣ дар умӯри минтақаӣ ва байналмилалӣ аз ҷумла узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва тамоюли Эрон барои пайвастан ба гуруҳи БРИКС гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Путин дар ин гуфтугу ҳамлаи террористии ахир дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро маҳкум кард ва ба раиси ҷумҳурии Эрон таслият гуфт.