Баррасии муносиботи дуҷониба ; меҳвари гуфтугуи вазирони хориҷаи Эрону Бразилия
(last modified Fri, 18 Aug 2023 13:40:35 GMT )
Август 18, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
  • Баррасии муносиботи дуҷониба ; меҳвари гуфтугуи вазирони хориҷаи Эрону Бразилия

Вазирони хориҷаи Эрону Бразилия дар гуфтугӯи телефонӣ вазъияти муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ва Мауро Виейра-вазирони хориҷаи Эрону Бразилия дар гуфтугуии телефонӣ охирин муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории Эрон пресс, Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугуи телефонӣ бо ибрози хурсандӣ аз сатҳи рӯ ба рушди муносиботи ду кишвар гуфт : Умедворем бо афзоиши тамосҳо заминаи густаришу таҳарруки бештар дар ҳамкориҳои хуби дуҷониба фароҳам шавад .
Мауро Виейра-вазири умӯри хориҷаи Бразилия низ зимни муҳим донистани зарфияти болои Эрону Бразилия дар заминаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар тамоюли давлаташ барои тақвияти ҳамкориҳо таъкид кард.
Дар ин гуфтугӯ ҳамчунин дар хусӯси нишасти ояндаи БРИКС дар Африқои ҷанубӣ ва густаришу тақвияти он табодули назар шуд.