Август 18, 2023 19:03 Asia/Dushanbe
  • Боздиди генерал Насирзода аз ширкати тавлидкунандаи ҳавопаймои СУ дар Русия

Ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар сафар ба Русия аз намоишгоҳи ширкати ОАК, тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои русӣ аз ҷумлаи Су, Ил ва Ту боздид кард.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Азизи Насирзода-ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, ки дар садри ҳайати баландпояи  неруҳои мусаллаҳи Эрон ба даъвати расмии Вазорати дифои Руӯсия ба ин кишвар сафар кардааст, дар боздид аз намоишгоҳи тавлидкунандаи ҳавопаймо аз наздик дар ҷараёни қобилиятҳои фаннӣ ва амалиётии анвоъи ҳавопаймоҳои русӣ қарор гирифт.
Ҷонишини раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон, Сергей Шайго-вазири дифои Русияро дар боздид аз ғурфаи Эрон дар ин намоишгоҳ ҳамроҳӣ кард.
Саноеъи дифоӣ ва низомии Ҷумҳурии исломии Эрони зимни ҳузури фаъол дар ин намоишгоҳ бахшҳои гуногуне аз тавлидоти низомӣ ва дифоии Эронро дар маърази диди ширкаткунандагон қарор додаанд .
Ин намоишгоҳ аз 14 то 20 август ( 23 то 29 мурдод ) дар ғарби Маскав барпо аст.
 

 

Барчасп