Август 18, 2023 19:08 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии бонӯи варзишкори эронӣ дар мусобиқоти вушуи қаҳрамонии ҷавонони Осиё

Бонӯи варзишкори эронӣ ба медали тиллои пайкорҳои бахши толуи мусобиқоти вушуи қаҳрамонии ҷавонони Осиё даст ёфт.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, ёздаҳумин давраи мусобиқоти вушуи ҷавонону радаҳои синнии қаҳрамонии Осиё аз субҳи дируз панҷшанбе ба сурати расмӣ дар Макао оғоз шуд.
Дар дуюмин рӯзи ин пайкорҳо субҳи имрӯз ҷумъа дар пайкорҳои бахши толу Наргиси Шаҳбозӣ дар форми чонг чуон ба мақоми нахуст даст ёфту соҳиби гардановези тилло шуд.
Намояндагони Ҷопону Макао дар ин форм дувум ва сеюм шуданд .
 

 

Барчасп