Август 18, 2023 19:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори Амирабдуллоҳиён бо валиаҳди Арабистон

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи ройзаниҳояш дар Арабистон бо Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди Арабистони саъӯдӣ дар Ҷадда дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар садри ҳайат ва дар посух ба даъвати расмии Файсал бин Фарҳон-вазири умӯри хориҷаи Арабистони саъӯдӣ дар ин кишвар ҳузур дорад, имрӯз ( ҷумъа ) дар Ҷадда бо Муҳаммад бин Салмон- валиаҳди Арабистони саъӯдӣ дидору гуфтугу кард.
Ин нахустин дидори Амирабдуллоҳиён бо Муҳаммад бин Салмон аст.
Вазири хориҷаи Арабистони саъӯдӣ дар нишасти хабарӣ бо Амирабдуллоҳиён бар азми ин кишвар барои густаришу тақвияти равобити дуҷониба бо Эрон таъкид кард ва гуфт, ки мунтазири сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Риёз ҳастем.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳам дар ин нишасти хабарӣ дар Риёз гуфт, ки равобити Эрону Арабистони саъӯдӣ дар масири дурусти худ қарор дорад ва рӯ ба пешрафт аст ва аз пазириши даъвати подшоҳи Арабистон аз сӯи Раисӣ хабар доду афзуд : Ин сафар дар замони муносиб анҷом хоҳад шуд.
 

 

Барчасп