Август 20, 2023 14:55 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии зудҳангоми Эрон дар рақобатҳои куштифаранги қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон
    Қаҳрамонии зудҳангоми Эрон дар рақобатҳои куштифаранги қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон

Рақобатҳои панҷ вазни нахусти куштифарангии қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон дар ҳоли баргузор шуд, ки милипушони ҷавони Эрон бо 3 нишони тилло ва 1 нуқра ба қаҳрамонии зудҳангом расиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА мусобиқоти 5 вазни нахусти рақобатҳои куштифарангии қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон рузҳои 27 ва 28 мурдодмоҳ дар шаҳри Аммони Урдун баргузор шуд ки тими Эрон ба 3 медали тилло ва 1 нуқра даст ёфт.

Дар поёни мусобиқоти паҷн вазни нахуст Аҳмадризо Муҳсининажод дар вазни 63 килограм, Алиризо Абдули дар вазни 77 килограм ва Фаруддин Ҳидояти дар вазни 130 килограм ба медали тилло ва Абулфазли Чубони дар вазни 87 килограм ба медали нуқра даст ёфтанд.

Дар поёни мусобиқоти паҷн вазни нахуст тими Эрон бо 105 имтиёз пештоз аст ва тимҳои Қирғизистон бо 60 имтиёз, Қазоқистон бо 42 имтиёз, Гурҷистон бо 39 имтиёз, Амрико бо 34 имтиёз ва Ҳинд бо 33 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум то шашум қарор доранд.

Барчасп