Раисҷумҳури Эрон: Иртибототи дӯстонае миёни Эрон ва Ангола барқарор аст
(last modified Sun, 20 Aug 2023 13:50:44 GMT )
Август 20, 2023 18:50 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Эрон: Иртибототи дӯстонае миёни Эрон ва Ангола барқарор аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, иртибототи дӯстонае миёни Эрону Ангола барқарор аст, аммо сатҳи таомулоти иқтисодӣ ва тиҷории ду тараф мутаносиб бо ин иртиботу зарфиятҳои мутақобил нест.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурӣ, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони рӯзи якшанбе дар оини дарёфти устуворномаи Matrines Patriso, сафири Ҷумҳурии Ангола, бо орзӯи муваффақият барои ӯ дар давраи маъмурияти худ дар Теҳрон, афзуд, зарфиятҳои мутанаввеъ ва мутааддиде миёни ду кишвар вуҷӯд дорад, ки масъӯлияти сафирони ду кишвару мақомоти марбӯтаи шиносоӣ, фаъол кардану табодули ин зарфиятҳо дар масири густариши таомулоту ҳамкориҳои фимобайн аст.

Сафири Ҷумҳурии Ангола низ бо баёни инки зарфиятҳо ва заминаҳои муносибе барои густариши равобити Ангола ва Эрон вуҷӯд дорад, гуфт, барои густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон талош хоҳад кард.