Эрон ва Ангола ҷиноёти Исроилро маҳкум карданд
Сафири ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ангола ва раисиҷумҳури ин кишвар, иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
Шакиби Меҳр, сафири акродитаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ангола, аз мавозуи Луанда дар маҳкумияти режими саҳюнистӣ қадрдонӣ кард.
Шакиби Меҳр дар маросими расмии тақдими устуворномаи худ ба раисиҷумҳури Ангола, ки дар кохи раёсати ҷумҳурии Луанда баргузор шуд, ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи кишварҳову ҷомеаи байналмилалӣ ҳамон тавре, ки дар муқобили нажодпарастии режими Африқои Ҷанубӣ истода ва ба он поён доданд, дар муқобили опортойду наслкушии Исроил низ биистанд.
Сафири акродитаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ангола, ҳамчунин бо иблоғи саломи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон ба раисиҷумҳури Ангола, хостори густариши равобити дуҷониба дар тамоми заминаҳо шуд.
Жоау Лоуренсу, раисиҷумҳури Ангола низ зимни иблоғи салому дуруди гарми худ ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон, иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистиро маҳкум ва таъкид кард, ҷомеаи байналмилалӣ бояд пеши роҳи иқдомоти низомии Исроил алайҳи мардуми минтақаро бигирад.