Эрону Русия ду бозигари аслии иқтисоду энержӣ дар минтақаву ҷаҳон
(last modified Fri, 15 Nov 2024 13:18:01 GMT )
Ноябр 15, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити Эрону Русия
    Густариши равобити Эрону Русия

Муовини иртиқои касбу корҳои байналмилалии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русияро ду бозигари аслии иқтисоду энержӣ дар минтақа ва ҷаҳон донист.

Содиқ Қаннодзода, муовини иртиқои касбу корҳои байналмилалии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти барномаи иқдомоти амалӣ барои нақшаи роҳи ҳамкориҳои муштараки Эрону Русия дар Теҳрон, бо баёни инки равобити олии Эрону Русия муҷиби густариши ҳамкориҳои дуҷониба шудааст, гуфт: Иродаву азми ҷиддии мақомоти ду кишвар афзоиши сатҳи муносиботи тиҷорӣ аст.

Ба гуфтаи муовини иртиқои касбу корҳои байналмилалии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, нақшаи роҳи Эрону Русия, ки марти 2023 имзо шуд, ниёзманди бознигарӣ ва тавсеа дар заминаҳои мухталиф аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба, ба вижа равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико, иштироки манофеи роҳбурдӣ доранд.