Шаҳрдори Ҳаифа : Мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ин шаҳр ва иқтисоди онро фалаҷ кардааст
(last modified Thu, 14 Nov 2024 06:26:02 GMT )
Ноябр 14, 2024 11:26 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Ҳаифа : Мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ин шаҳр ва иқтисоди онро фалаҷ кардааст
    Шаҳрдори Ҳаифа : Мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ин шаҳр ва иқтисоди онро фалаҷ кардааст

Порс Тудей - Шаҳрдори Ҳаифа бо ибрози нигаронии шаддид дар бораи тадоввуми ҳамалоти сангини Ҳизбиуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғол шудаи тавассут Исроил гуфт : Шаҳри Ҳаифа зарбаи иқтисодии бесобиқае хӯрдааст .

«Юна Яҳав  » шаҳрдори Ҳаифа рӯзи сешанбе гуфт : Зиндагӣ дар Ҳаифа таътил ва ҳамаи чиз дар инҷо мутаваққиф шудааст ; Хиёбонҳо холӣ ҳастанд ва мағозаҳо баста шудаанд , агар Ҳаифа аз назари иқтисодӣ тазъиф шавад , ин масаълаи кули Исроилро таҳти таъсир қарор хоҳад дод . Ба гузориши Порс Тудей , маркази мутолиотӣ ва таҳқиқотии Исроил “ олмоӣ “ дар ҳамин замина хотирнишон кард : Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ афзоиш ёфта ва паҳподҳои Ҳизбиуллоҳ барги барандаи онҳо ҳастанд .

Маркази таҳқиқот “ Алмои “ таъкид кард ки суръати амалиёти Ҳизбуллоҳ дар моҳи гузашта чаҳор баробар шудау ҳамзамон бо он ҳамалоти муқовимати исломии Лубнон ба манотиқи дуртар низ густариш ёфтааст .

Расонаҳои саҳюнистӣ низ бо ибрози нигаронӣ дар бораи вазъияти ошуфта дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ дар буҳбуҳаи оташсӯзиҳои идомадор ва густарда дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ эълом карданд ки саҳюнистҳои сокини манотиқи шимолӣ ки аз моҳҳои гузашта овора шудаанд , ҳеҷ тамоюлӣ ба бозгашт надоранд.

 Сарҳанги захираи артиши режими Исроил эълом кард ки табдил шудани сарзаминҳои ишғолӣ ба минтақаи ҷангӣ ва шунида шудани мукаррари садои ожирҳои ҳушдор дар шаҳракҳои саҳюнистнишин дар ҳоли табдил шудан ба як раванди оддӣ дар зиндагии Исроилиҳост, ки идомаи он бисёр хатарнокаст .