Мизбонии тимҳои футболи Эрону Арабистон аз якдигар
(last modified Mon, 21 Aug 2023 14:28:23 GMT )
Август 21, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Мизбонии тимҳои футболи Эрону Арабистон аз якдигар

Масофи рӯдарруи тимҳои футболи Эрон ва Арабистон дигар дар кишвари сеюм баргузор нахоҳад шуд ва ин тимҳо аз якдигар мизбонӣ хоҳанд кард.

Ба гузориши ИРНА, Маҳдии Тоҷ-раиси Федерасиюни футболи Эрон бо ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии футболи занон дар Австралия дидорҳое дар ростои афзоиши сатҳи футболи Эрон дошт, ки муҳимтарини он дидор бо Ҷанни Инфантино-раиси Федерасиюни байналмилалии футбол ( ФИФА ) буд.
Дар ин дидор дар хусӯси масоиле ҳамчун VAR,вуруди бонувон ба стадионҳо ва пӯлҳои блокашудаи Эрон дар ФИФА баҳсу гуфтугу шуд.
Тоҷ имрӯз низ бо Ёсир Файсал Алмусаҳл-раиси Федерасиюни футболи Арабистон ва шайх Салмон-раиси Конфедерасиюни футболи Осия дидор кард, ки дар дидори Тоҷ ва раиси Федерасиюни футболи Арабистон тафоҳуми лозим дар хусӯси мизбонии тимҳои ду кишвар дар дидорҳои рӯдарру буд ва бо тавваҷуҳ ба шароити ҷадиди мавзӯи масофи тимҳои эронӣ ва арабистонӣ дар кишвари сеюм аз дастури кори кумитаи инзиботии Конфедерасиюни футболи Осия хориҷ шуд.