Таъкиди раисиҷумҳур бар зарурати тавсеаи муносиботи Эрон ва Малайзия
Раисиҷумҳури Эрон бар зарурати тавсеаи муносиботи Теҳрону Куала-Лумпур бавижа дар бахшҳои тиҷорӣ, санъатӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ ва фарҳангӣ таъкид кард.
Саидиброҳими Раисӣ дар дидори Замбир Абдулқдор, вазири умӯри хориҷаи Малайзия тадвини барномаи ҳамкориҳои роҳбурдии баландмуддат миёни ду кишварро тарсимкунандаи уфуқҳои ҷадид дар таомулоти Эрон ва Малайзия донисту афзуд, умедворем бо таҳия ва тадвини ин барнома, битавонем роҳҳои тай нашуда бавижа дар афзоиши муносиботу табодулоти иқтисодиро таҷриба кунем.
Вазири хориҷаи Малайзия низ дар ин дидор, Ҷумҳурии исломии Эронро шарики бисёр муҳими кишвараш дар минтақа ва ҷаҳони Ислом донист ва бо таъкид бар инки кишвараш таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эронро ҳаргиз ба расмият нахоҳад шинохт, баргузории нишастҳои муштарак бо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар ин сафарро бисёр мусбат арзёбӣ карду тавсеа ва тақвияти муносиботи дуҷониба бо Теҳрон бавижа дар бахшҳои кишоварзӣ, пизишкӣ ва илмӣ ва фанновариро хостор шуд.