Густариши ҳамкории Эрон ва Русия дар заминаи мубориза бо терроризм
(last modified Wed, 23 Aug 2023 13:29:33 GMT )
Август 23, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Эрон ва Русия дар заминаи мубориза бо терроризм
    Густариши ҳамкории Эрон ва Русия дар заминаи мубориза бо терроризм

Фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар ба Русия ва гуфтугу бо фармондеҳи неруи заминии ин кишварро созанда ва муфид хонд.

Генерал Киюмари Ҳайдари дар поёни сафари се руза ба Маскав дар бораи аҳамияти ҳамкориҳои Эрон ва Русия дар буъди дифоъӣ ва низомӣ таъкид кард ду кишвар таҷрубаҳои хуби дар заминаи мубориза бо терроризм доранд ва метавонанд ин таҷрубаҳоро ба ҷаҳон арза кунанд.

Фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки терроризм дар шаклҳои мухталиф таҳдиди ҷаҳони аст таъкид кард Теҳрон ва Маскав мусамам ҳастанд ҳамкориҳои худро дар заминаи мубориза бо терроризм густариш диҳанд.

Фармондеҳи неруи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин сафар ба Русияро ба мавқеъ ва самарабахш донистанду таъкид карданд: Дар ройзании бо генерал Олг Саликов фармондеҳи неруи заминии артиши Русия тавофуқҳои хуби ҳосил шуд.

Геренал Ҳайдари дар бораи боздид аз донишгоҳи афсарии Русия, маркази фановариҳои низомӣ, марокизи омузишӣ, марокизи таҷҳизоти поиши марзӣ ва маркази тавлиди адавоти дифъоӣ Русия гуфт: Намунаи ин дастгоҳҳо ба дасти тавонманди мутахасисоси эронӣ ҳам сохта шуда аст.