Баррасии роҳкорҳои рушди ҳамокриҳои дармонии Шероз ва Тоҷикистон
Дар дидори маҷозии раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз бо муовини вазири тандурустии Тоҷикистон роҳкорҳои рушди ҳамкориҳои муштараки дармонӣ барраси шуд.
Раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз бо муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба сурати маҷози гуфтугу кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА муовини байналмилалии донишгоҳи улумпизишкии Шероз рузи чаҳоршанбе бо эъломи ин хабар гуфт: Дар ин ниасти маҷози ки бо ҳузури раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор шуд тарафайн ба табодули назар дар хусуси рушди ҳамкориҳои муштарак дар бахши омузиш, беҳдошту дармон пардохтанд.
Ҳасан Сироҷ афзуд: Ҳамчунин дар ин нишаст муқарар шуд бо ташкили коргуруҳи ҳамкории ду ҷониба байни муовинати байналмилалии донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон нисбат ба густариши ҳамкориҳои омузишӣ ва пажуҳишӣ ба сурати амалиёти ҳамоҳанги лозим анҷом шавад.
У изҳор кард: Раисони марозики бузурги дармони ва раиси донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон аз дигар суханронони ин нишасти маҷози буданд, ки тамоюли худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои омузишӣ, беҳдошти ва дармонӣ ба донишгоҳи улумпизишкии Шероз эълом карданд.