Абӯалӣ ибни Сино гавҳари ноёби имлу ҳикмат
(last modified Wed, 23 Aug 2023 14:48:33 GMT )
Август 23, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Абӯалӣ ибни Сино гавҳари ноёби имлу ҳикмат
    Абӯалӣ ибни Сино гавҳари ноёби имлу ҳикмат

Аввали шаҳривармоҳ зодрузи Абӯалӣ ибни Сино андешманд ва файласуфи матраҳи ҷаҳон ва Эрон аст шахсияти арзишманде, ки барои бузургдошти у дар тақвими расмии Эрон зодрузаш ба номи рузи пизишк сабту забт шуда аст.

Абӯалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино донишманди эронии қарни чаҳоруми ҳиҷри дар аввали шаҳривани соли 359 ҳиҷрии хуршеди дар рустои Хармесан аз тавобеъи Бухоро эрони қадим дида ба ҷаҳон гушуд ва баъдҳо яке яке аз андешмандони бузурги ин сарзамини куҳан шуд.

У Қуръон ва дигар улумро дар Балх омухт ва аз маҳзари устод Абдуллоҳ Нотели баҳра ҷуста ва дар 18 солагӣ ҳамаи улумро фаро гирифта ва дар 21 солагӣ даст ба таълиф зад ва маҷмуъаи ба номи Ҳолси ва Маҳсулро дар 10 ҷилд игоришт сипас 2 китоб яке дар боби ахлоқ ва дигари дар боби фалсафаро дар 21 ҷилд ба риштаи таҳрир даровард.

Абӯалӣ ибни Сино ҳудуди 450 китоб ва мақола дорад, ки 240 мавриди аз онҳо ҳифз шуданд аз ин миён 150 китоб дар мавриди фаласафа ва 40 китоб низ дар мавриди илми пизишки аст.

Аз Абӯалӣ ибни Сино осори фаровони ба ҷой монд, ки аз миёни онҳо метавон ба Қонун, Шифо, Алмухтасарулвасат, Алмабда ва Алмиъод, Алҳидоя, Аладвиятул Алқалбия, Наҷот, Баъзулҳиматку Алмариқия, Алҳосил ва Алмаҳсул, донишномаи Алоӣ ва Ишорот ишора кард ки шуҳрати бештари нисбат ба дигар осори ин донишманди бузург доранд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон рузи пизишкро ба ҳамаи пизишкон ва бахши саломат табрик мегуяд.