Август 24, 2023 14:45 Asia/Dushanbe
  • Эрон узви доми гурӯҳи
    Эрон узви доми гурӯҳи "БРИКС" шуд

Муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, аз узвияти домии Эрон дар гурӯҳи "БРИКС" хабар дод.

Гурӯҳи "БРИКС" бо ҳамкории панҷ  қудрати иқтисодӣ дар ҳали зуҳӯри ҷаҳон Бразиля, Русия, Чин, Ҳинд ва Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи муқобила бо якҷонибагароии Амрико шакл гирифт.

Дар баёния сарони "БРИКС"  эълом шуд, ки дархости Эрон, Арабистон, Имороти араби Муттаҳида, Миср, Аргентина ва Етиюпи барои узвият дар ин гурӯҳ пазирӯфта шудааст ва қарор аст узвияти комили ин кишварҳо аз январи 2024 оғоз шавад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз (панҷшанбе) барои ширкат дар Иҷлоси сарони гурӯҳи "БРИКС" вориди шаҳри Претория дар Африқои ҷанубӣ шуд.

"Муҳаммад Ҷамшедӣ" муъовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳӯри Эрон низ дар Твиттер аз узвияти доими Эрон дар  "БРИКС" хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тансим, "Муҳаммад Ҷамшедӣ" бо интишори Твиттер навишт, узвияти доим дар гурӯҳи иқтисодҳои навзуҳӯри ҷаҳонӣ як пешрафти таърихисоз ва мавқеъяти стратежик барои сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон маҳсуб мешавад.

Муъовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, дар навиштаи худ ин муваффақиятро ба Раҳбарӣ муаззами инқилоби исломӣ ва миллати сарбаланди Эрон табрик гуфт.