Август 24, 2023 18:50 Asia/Dushanbe
  • Таъсири узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС бар таҳаввулоти байналмиллалӣ

Дастёри вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Бо узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС шоҳиди таҳаввулоте дар арсаи равобити байналмилалӣ хоҳем буд.

Гуруҳи БРИКС бо ҳамкории панҷ қудрати иқтисодии дар ҳоли зуҳӯри ҷаҳонӣ Бразилия, Русияининд ва Африқои ҷанӯбӣ бо ҳадафи муқобила бо якҷонибагароии Амрико шакл гирифт.
Дар баёнияи сарони БРИКС эълом шуд ки дархости Эрон,Арабистон, Амороти арабии муттаҳида, Миср, Аргентина ва Эфиопия барои узвият дар ин гуруҳ пазируфта шудааст ва қарор аст узвияти комили ин кишварҳо аз январи 2024 оғоз шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидрасули Мусавӣ-дастёри вазири умӯри хориҷа ва мудири кулли ҷануби Осиё дар вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба узвияти 6 кишвар дар гуруҳи БРИКС навишт : Таҳаввулоти мухталиферо дар арсаи равобити байналмилалӣ шоҳид хоҳем буд ва таҳаввулоти мафҳӯмӣ яке аз онҳост .Мӯсавӣ дар мавриди узвияти Эрон дар гуруҳи БРИКС дар сафҳаи шахсии худ навишт :Бо изофа шудани Эрон, Арабистонморот, Миср, Эфиопия ва Аргентина ба БРИКС таҳаввулоти мухталиферо дар арсаи равобити байналмилалӣ шоҳид хоҳем буд.
 

 

Барчасп